23 Декабр 2025 - 11:13
Source: ABNA
Натаняҳу дар садади ташкили як "эътилоф" алайҳи Туркия аст

Расонаҳои ибрӣ ба таҳаррукоти нахуствазири режими саҳюнистӣ барои ташкили як "эътилоф" алайҳи Туркия ишора карданд.

Бино ба гузориши хабаргузории "Абна" ба нақл аз "Ал-Маёдин", Бенямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, рӯзи гузашта бо нахуствазири Юнон ва раиси ҷумҳури Қибрис дар Қудси ишғолӣ нишаст баргузор кард. Дар баёнияи содиршуда аз сӯи ин нишаст бар тавофуқ бар сари тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ ва фаннӣ таъкид шудааст.

Натаняҳу дар ин нишаст муддаӣ шуд, ки бо ҳамкории тарафҳои мазкур ва бо истифода аз қудрат, сулҳ ва суботро муҳаққақ хоҳанд кард. Вай илова кард: "Ба касоне, ки таваҳҳуми таҳаққуқи дубораи империяҳояшонро доранд, мегӯям, ки ин масъала ҳаргиз рух нахоҳад дод." Расонаҳои ибрӣ гузориш доданд, ки манзури Натаняҳу Туркия будааст.

Натаняҳу бидуни ишора ба ҷангҷӯиҳои Телавив дар минтақа муддаӣ шуд, ки режими саҳюнистӣ ба дунболи даргирӣ бо ҳеҷ тарафе нест, балки баръакс хоҳони таҳаққуқи сулҳ ва субот аст. Вай муддаии ҳимоят аз гузаргоҳҳои обӣ ва ҳамкорӣ бо Юнон ва Қибрис дар хусуси дигар масоили муштарак шуд ва гуфт, ки умедвор аст ин "эътилоф" мавриди озмоиш қарор нагирад.

Расонаҳои ибрӣ гузориш доданд, ки ин нишаст ба манзилаи ирсоли як паём ба тарафҳои минтақавӣ, бавижа Туркия аст. Рӯзномаи "Едиот Аҳронот" низ гузориш дод, ки Телавив, Юнон ва Қибрис барои ташкили нерӯи вокуниши сареъ ба унвони як нерӯи низомии муштарак дар шарқи баҳри Миёназамин бо мушорикати нерӯҳои заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ барномарезӣ мекунанд. 2 ҳазору 500 нерӯ дар ин барнома ҳузур хоҳанд дошт ва дар ҷазираҳои Юнон, Қибрис ва заминҳои ишғолӣ мустақар мешаванд. Ин иқдом бо ҳадафи муқобила бо Туркия сурат мегирад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha